Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Булғористон ба COVID-19 олуда шудааст


Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон
Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон

Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон ба коронавируси нав олуда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки Аврупо бо мавҷи тозаи пандемия дастбагиребон аст. Дар бораи натиҷаи мусбати тести COVID-19 Борисов дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод. Ӯ навишт, ки вуҷуди коронавирусро ду тест тасдиқ кард ва афзуд, ки “заъфи бадан дорад” ва мувофиқи машварати табибон дар хона бо муолиҷа машғул мешавад.

Дар кишвари иборат аз 7 миллион ҷамъияти Булғористон дар минтақаи Балкан беш аз 37,5 ҳазор ҳодисаи гирифторӣ ва 1084 ҳодисаи марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз 21-уми октябр дар ин кишвар доштани ниқоби тиббӣ дар дохили муассисаҳо ҳатмӣ ва дар бархе манотиқ, аз ҷумла пойтахт, шаҳри София, кори тафреҳгоҳҳои шабона манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG