Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабиб Нурмагомедов унвони қаҳрамониро ҳифз кард, вале гуфт, UFC-ро тарк мекунад


Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов)

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), размикори маъруфи доғистонӣ, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад, Ҷастин Гейҷи аз Амрикоро шикаст дод ва бори сеюм камарбанди қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард.

Мубориза байни Нурмагомедов ва Гейҷи аввалин қувваозмоӣ дар мусобиқаи UFC 254 дар "Fight Island" (“Ҷазираи набард”) дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд, ки шаби 24-уми октябр баргузор шуд.

Мубориза пуршиддат гузашт ва дар даври дуюм Ҳабиб бо усули буғӣ кардан ҳарифашро шикаст дод. Ин 29-умин ғалабаи размикори доғистонӣ ба шумор меравад ва ӯ ҳамчун варзишгари мағлубнашуда камарбанди қаҳрамонияшро бори дигар ҳифз кард.

Ҷастин Гейҷи дар корномаи варзишияш бори сеюм шикаст хӯрд. Ӯ қаблан дар 20 муҳориба пирӯзӣ ба даст овардааст.

Баъд аз анҷоми рақобат бо Гейҷи, Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ғалабаи 29-умашро ба падараш Абдуманоф Нурмагомедов, ки 3-юми июли имсол дар 58-солагӣ бар асари коронавирус даргузашт, мебахшад.

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов аз поёни корномаи варзишияш хабар дод. Ӯ ин тасмимашро пас аз пирӯзӣ бар Ҷастин Гейҷи эълон кард. Ҳабиб иқрор шуд, ки ба модараш ваъда дода буд рақобати 29-умаш набарди охирини ӯ хоҳад буд.

"Ман танҳо як саробон дорам - ин модари ман аст. Мехостам ба ӯ вақти бештаре ҷудо кунам", - гуфт ӯ.

Ҳабиб Нурмагомедов, инчунин аз мақомоти UFC хоҳиш кард, ки ӯро дар рейтинг ё раддабандии нави размикорони беҳтарини ҷаҳон дар ҷойи аввал гузоранд. "Имрӯз охирин муборизаи ман дар UFC буд. Танҳо аз UFC мехоҳам, ки рӯзи сешанбе новобаста аз дараҷаи вазн маро дар ҷойи 1-ум қарор диҳад. Ман сазовори он ҳастам ", - таъкид кард размикор.

XS
SM
MD
LG