Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо генерал Кеннет МакКензӣ, раҳбари фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти прзезиденти Тоҷикистон рӯзи 22-уми октябр хабар дод, ки дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амниятӣ ва вазъи Афғонистон баррасӣ гардидааст.
Тибқи хабари Дафтари матбуоти президент, дар ин сӯҳбат ба мавзуи сулҳ дар минтақа ва таҳдиду хатарҳо таваҷҷӯҳи хос шудааст.
Дар як моҳи ахир ин дуюмин сафари мақомоти амрикоӣ ба Тоҷикистон аст.
Аз ин пеш, рӯзи 4-уми октябр Залмай Хализод, фиристодаи ИМА дар умури сулҳи Афғонистон низ ба Тоҷикистон сафар дошт ва гуфт, ки бо мақомоти тоҷик мавзуи сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хати марз дорад. Амрико дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳузури низомӣ дорад.
Солҳост, ки дар Афғонистон миёни гуруҳи Толибон ва ҳукумат ҷанг давом дорад. Ҳоло бо талошҳои Амрико гурӯҳи Толибон бо ҳукумати Афғонистон дар Қатар сари музи музокирот барои поёни ҷанг нишастаанд.
Мақомоти амрикоӣ ҳангоми сафар ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон мавзуи сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ мекунанд.