Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА шаш афсари ГРУ-ро дар рахнагариҳои сиёсии интернетӣ гунаҳгор кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ИМА шаш афсари низомии Русияро дар фаъолиятҳои “харобкорона” аз роҳи ташкили маъракаҳи сартосарии рахнагарӣ ва паҳн кардани паразитҳои интернетӣ, аз ҷумла талошҳои ба ҳам задани ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии Украина ва Гурҷистон айбдор кард. Айбнома рӯзи 19-уми октябр аз ҷониби вазорати адлияи ИМА эълон шуд. Дар матни он инчунин омадааст, ки ин нафарон интихоботи Фаронса, бозиҳои Олимпии Сеул ва як созмони байналмиларо, ки бо таҳқиқи нақши Русия дар истифодаи заҳри асаб машғул буд, рахна кардаанд. Айбномаи мазкур яке дигар аз силсилаи ҷиноятҳои интернетист, ки аз ҷониби бозигарони ғайридавлатии Русия дар ИМА анҷом мешавад. Шаш афсари гумонбаршуда узви як воҳиди низомии марбут ба раёсати ҷосусӣ ваё ГРУ мебошанд. Соли 2018 ин созмонро дар рахна кадани компютерҳои ситоди демократҳо дар интихоботи ду сол аз он пеш гунаҳгор карданд. Додситони амрикоӣ Скотт Бреди гуфт, ҳамлаҳои интернетие, ки ин муттаҳамон анҷом додаанд, назар ба дигарҳо “аз ҳама зиёд харобкоронаву гаронтарин дар таърихи ҳамлаҳои ҳакерӣ” будааст.

XS
SM
MD
LG