Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Маскав гуфт, ба зудӣ ба ваксинзании оммавӣ оғоз мекунанд


Сергей Собянин

Раиси шаҳри Маскав гуфтааст, ки ваксинзании оммавӣ ба зидди коронавируси нав дар моҳҳои “декабр ва январ” дар ин шаҳр оғоз мешавад.

Сергей Собянин дар ин бора рӯзи 19-уми октябр дар вебсайти расмии пойтахти Русия хабар дода, вале нагуфтааст, ки кадом ваксинаи тасдиқшударо ба мардум мегузаронанд.

Моҳи август Русия ваксинаи Спутник-Ви-ро барои истифодаи умумӣ дар қаламрави кишвар иҷоза дод ва нахустин кишваре шуд, ки ваксина ба зидди COVID-19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

Аммо донишмандон ва доираҳои байналмилалии илмӣ гуфтанд, ки ваксинаи мазкур дуруст ва ба таври зарурӣ озмоиш нашудааст.

Русия баъд аз ин ваксинаи дувумро ҳам барои истифодаи умум иҷоза дод ва рӯзи 19-уми октябр ба озмоиши ваксинаи саввум оғоз кард. Дар Русия бештар аз 1 миллион 400 ҳазор нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд ва кишвар аз назари сироят дар ҷаҳон дар мақоми 4-ум аст. Айни замон сирояти вирус дар Русия мисли дигар кишварҳои ҷаҳон суръат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG