Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон тафтиш дар фурудгоҳҳо сахттар ва дари синамоҳо боз шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Қазоқистон сар аз 26 октябр иҷозат доданд, ки синамоҳо дари худро боз кунанд. Аммо аз онҳо талаб шудааст, ки толорро на бештар аз 30 дарсад пур кунанд ва аз муштариҳо риояи фосила ва пӯшидани ниқобро талаб кунанд.

Ин қарорро Комисияи байниидоравии пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавируси Қазоқистон қабул кардааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ин қарор дар айни ҳол ба шаҳру вилоятҳои Нурсултон, Алмато, Мангистау, Қазоқистони Ғарбӣ, Қазоқистони Шарқӣ ва Атирау дахл дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз 19 октябр чораҳои карантинӣ дар Нурсултону Алмато ва Қарағандаву Атирау сахттар шудааст.

Синамо ба бахши иншооти тиҷорӣ шомил мешавад, ки фаъолияти онҳо аз оғози воридшавии вабои коронавирус ба Қазоқистон аз нимаҳои моҳи марти соли ҷорӣ манъ шудааст. Ба иттилои мақомоти он кишвар, зиёни иқтисодии синамоҳои Қазоқистон дар ин давра ба 20 миллиард танга расидааст.

Ба ҷуз ин, мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки чораҳои беҳдоштиву эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои марзии кишварро сахттар кунанд. Ба ин тартиб, шуруъ аз 26 октябр парвозҳои байналхалқӣ кам карда хоҳад шуд ва ҳамаи касоне, ки вориди Қазоқистон мешаванд, ба таври ҳатмӣ аз ташхиси коронавирус хоҳанд гузашт.

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, саққобозӣ ва толори бозиҳои компютерӣ, муассисаҳои тафреҳӣ, толори тую маъракаҳо ва клубҳои шабона ҳанӯз манъ аст.

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 102 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст. Дар маҷмуъ дар он кишвар аз 13 март ба ин тараф 109 ҳазору 508 сокин ба ин вабо мубтало шудааст.

XS
SM
MD
LG