Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар соли оянда барои мубориза бо коронавирус $290 млн ҷудо мекунад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Дар соли 2021 Узбекистон барои бахши тандурустӣ бештар аз 1,9 млрд доллар ҷудо мекунад. Аз ҷумла наздики 290 млн доллар барои мубориза бо коронавирус ва қариб 174 млн доллар барои хариди дору ҷудо хоҳа шуд.

Дар ин бора рӯзи 19 октябр президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи бахшида ба буҷаи соли ояндаи кишвараш иттилоъ дод.

Мирзиёев дар ҷаласа гуфтааст, ки ҳангоми банақшагирии буҷаи соли оянда бояд идомаи коронавирус ва уфти иқтисоди ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта шавад.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев гуфтааст, ки дар шароити вабо дар соли 2021 харҷи соҳаи иҷтимоӣ нисбати соли ҷорӣ бояд 15 дарсад афзоиш дода шавад.

XS
SM
MD
LG