Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян ва Алиев барои "гуфтугӯ омодаанд", вале шартҳои худро доранд


Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев (аз рост) бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян. Акс аз бойгонӣ

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, омодааст бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ дар шаҳри Москваи Русия гуфтугӯ кунад.

Арманистон ҳамзамон ҳалли мақоми Қарабоғи Куҳиро шарт гузоштааст. Пашинян дар ин бора дар суҳбат бо хабаргузории русии ТАСС изҳори назар кард. Дар Ереван исрор мекунанд, ки ба мардуми Қарабоғи Куҳӣ ҳаққи худмуайянкунӣ дода шавад.

Илҳом Алиев низ дар суҳбат бо ТАСС аз омодагии худ барои гуфтугӯи ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ хабар дод. "Мо ҳам сулҳро мехоҳем. Вале бар хилофи Арманистон, минтақаҳоеро низ мехоҳем, ки ба мо тааллуқ доранд", - изҳор дошт президенти Озарбойҷон.

Ба навиштаи "Новая газета", артиши Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Куҳӣ хабар додааст, ки дар натиҷаи даргириҳо 729 сарбози арманӣ кушта шудааст. Озарбойҷон талафоти худро ошкор намекунад. Алиев гуфт, маълумот дар бораи талафотро баъди хатми задухурдҳо эълом мекунанд.

XS
SM
MD
LG