Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишкорони қазоқ бинобар КОВИД-19 аз сафарҳои хориҷӣ маҳрум шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустии Қазоқистон ба далели густариши коронавирус варзишкорони кишварро аз сафар ба хориҷ маҳрум кард.

"Дар робита ба болоравии омори беморӣ дар саросари дунё, бо ҳадафи назорати ҷиддии марзҳо ба варзишкорон иҷозат дода намешавад, ки дар мусобиқаҳо ширкат кунанд. Ҳамзамон парвозҳо бо Украина, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Олмон ва Белорус кам карда шаванд",-омадааст дар хабари Вазорати тандурустии Қазоқистон.

Тими мунтахаби футболи Қазоқистон, бошгоҳи баскетболи "Остона" ва бошгоҳи хоккейи "Барис" тибқи ҷадвали аз қабл муайншуда мусобиқа доранд. Эҳтимол дорад, ки ба сафари ин тимҳо ба таври истисно иҷозат дода шавад.

Бино ба иттилои мақомоти он кишвар, рӯзи 18 октябр 102 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт гардида, ба ин тартиб шумораи умумии мубталоён дар он кишвар ба 109 ҳазору 508 кас расидааст.

XS
SM
MD
LG