Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти як нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ шудааст


Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи фавти як нафари дигар аз коронавирус хабар доданд.

Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то 15-уми октябр дар Тоҷикистон 80 кас бар асари бемории ҳамагир ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорат рӯзи 15-уми октябр гуфт, дар шабонарӯзи ахир 38 мавриди собитшудаи бемориро сабт кард. Шумори умумии беморон 10374 гуфта мешавад. Мақомот мегӯянд, зиёда аз 9300 нафар шифо ёфтаанд.

Мутахассисон бовар доранд, ки омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашри хабарҳо пиромуни фавти ин ё он шахс аз бемории коронавирус ва ё илтиҳоби шуш дар муқоиса ба ҳафтаҳои гузашта бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG