Мухолифи рус Алексей Навалний номи шахсонеро расонаӣ кард, ки харҷи табобаташро дар бемористони "Шарите"-и Олмон пардохт кардаанд. Навиштаи Навалний дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" нашр шуд.
Ба гуфтаи Навалний, харҷи табобати ӯ 49 900 евроро ташкил дода, онро соҳибкор Евгений Чичваркин, иқтисодшинос Сергей Алексашенко ва мутахассиси IT Роман Иванов пардохт кардаанд. Табобати Навалний дар Олмон чи қадар давом мекунад, ҳанӯз маълум нест. Харҷи будубош ва табобаташро Чичваркин бар зимма гирифтааст.
Пештар Навалний гуфта буд, харҷи парвози ӯро аз Омски Русия ба шаҳри Берлини Олмон, ки 79 ҳазор евроро ташкил медод, соҳибкор Борис Зимин пардохт намудааст.
Алексей Навалний дар ҳоли ҳозир дар Олмон қарор дорад. Ӯ аллакай аз бемористони Charité рухсат шудааст. Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.
Созмони манъи силоҳи кимиёӣ (СМСК) гуфт, озмоишҳо нишон додаанд, мухолифи рус бо маводе заҳролуд сохта шудааст, ки ба гуруҳи "Новичокҳо" шомил мешавад.
Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) пештар гуфта буданд, агар СМСК фарзияи заҳролудсозии Навалнийро тасдиқ кунад, ИА имкони эъломи таҳрим зидди Русияро дар робита ба истифодаи силоҳи кимиёӣ баррасӣ мекунад.