Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ду чархболи низомии Афғонистон 9 нафар кушта шуд


14 октябр. Сокинони мулкӣ дар паи ҷангҳои шурӯъшуда дар Ҳилманд хонаҳои худро тарк мекунанд
14 октябр. Сокинони мулкӣ дар паи ҷангҳои шурӯъшуда дар Ҳилманд хонаҳои худро тарк мекунанд

Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки дар вилояти ҷанубии Ҳилманд дар паи суқути ду чархболи низомӣ “бо ишколи фаннӣ” нӯҳ нафар сарнишини онҳо кушта шуданд. Вазорат дар як изҳороташ рӯзи 14-уми октябр гуфт, ки чархболҳои сохти шӯравии навъи Mi-17 замоне, ки дар ноҳияи Наво мехостанд аз замин баланд шаванд, ба замин сарозер шуданд. Тамоми кушташудаҳо халабонҳову сарбозон буданд. Як мақоми маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чархболҳо мехостанд сарбозони дар даргириҳои ахир бо Толибон маҷрӯҳшударо интиқол диҳанд. Дар чанд рӯзи гузашта ҷангҷӯён қисматҳои мухталифи вилояти Ҳилманд, аз ҷумла марказии маъмурӣ шаҳри Лашкаргоҳро мавриди ҳамла қарор доданд. Рӯзи 12-уми октябр низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки ба нишони пуштибонӣ аз нирӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба ҳадафҳои Толибон чанд ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар паи даргириҳои ахир тахминан 5 ҳазор хонаводаҳои сокинони маҳаллӣ маҷбур шуданд, ки ба маконҳои амн, аз ҷумла дар Лашкаргоҳ паноҳ бибаранд. Масъулини OCHA – дафтари СММ дар умури ҳамоҳангсозии кӯмакҳои башарӣ рӯзи 14-уми октябр гуфтанд, ки дар паи даргириҳо дар бархе манотиқ мухобирот хароб шуд ва бархе муассисаҳои тиббӣ маҷбур шуданд фаъолиятҳои худро маҳдуд бикунанд. Ин созмон мегӯяд, ки даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллӣ бо хатари маҳрум шудан аз ёриҳои зарури тиббӣ рӯбарӯ шудаанд. Даргириҳои ахир дар ҳолест, ки дар музокироти сулҳи ҳукумат ва Толибон дар Давҳаи Қатар пешравии муайяне ба даст омадааст. Ҳадафи музокираҳо хатми ҷанг дар Афғонистон аст ва ин музокирот дар чаҳорчӯби созиши сулҳи ИМА ва Толибон барпо мешавад, ки ҳанӯз моҳи феврал имзо шуда буд.


XS
SM
MD
LG