Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зойиров мегӯяд, интихоботро назорат дорад. Иргашов аз паси кори худ аст. САДО


Раҳматилло Зойиров

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботи президентиро таҳрим кардааст, мегӯяд, ӯву ҷонибдоронаш ба раъйдиҳӣ нарафтанд, вале ҷараёни овоздиҳиро назорат доранд.

Ин ҳизб, ки ягона нерӯи мухолиф дар дохил аст, охири моҳи август эълон кард, интихоботро ба чанд далел, аз ҷумла ба сабаби онки раиси ҷумҳур наметавонад, раиси ҳизб бошад, таҳрим ё бойкот мекунад. Масъулони Кумиссиюни марказии интихобот гуфтанд, ин тасмими ҳизб аст.

Раҳматилло Зойиров рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарори бойкот кардани интихобот барои ҳама аъзои Ҳизби сотсиал-демократ “ҳатмӣ” аст ва онҳо дар интихобот ширкат намекунанд. Чун ба таъкиди Зойиров, “ҳатто агар рафта, номи ҳамаи панҷ номзадро хат занем, Комиссияи интихоботӣ омори худашро дуруст мекунад. Мо барои ҳамин, ширкат намекунем. Инҳо бисёр усто шудаанд.”

Зойиров гуфт, ба интихобот нарафтанд, вале назорат доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00
Линки мустақим

Мақомот, аз ҷумла масъулони Кумисюни марказии интихобот ҳамеша чунин интиқодҳоро рад кардаанд. Носирҷон Салимӣ, сухангӯйи Комиссияи марказии интихобот, гуфт, “интихобот дар доираи қонун баргузор шуда истодааст.”

َФаромуз Иргашов
َФаромуз Иргашов

Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ, ки мехост, мустақилона ба интихоботи президентӣ номзад шавад, вале аз идомаи мубориза даст кашид, гуфт, ба шаффофияти маъракаи сиёсӣ бовар надорад.

Вай рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз пайи кори хоҷагӣ ҳастем, имрӯз истироҳат аст. Ба интихобот нарафтам, чун ба шаффофияти интихобот тамоман бовар надорам. Беҳтар аст, аз пайи кори шахсии худ шавам. Имрӯз рӯзи истироҳат аст. Аз рӯйи мушоҳидаи ман, бештар намояндагони ҳокимият ба раъйдиҳӣ рафтанд, Мардуми одӣ ҳам буданд.”

Фаромуз Иргашов гуфт, ба шаффофият дар интихобот бовар надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:39 0:00
Линки мустақим

Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нӯҳ соати баргузории интихобот беш аз 70 дарсади раъйдиҳандагон (3 миллиону 495 ҳазору 215 нафар) овоз додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода
Бахтиёр Худоёрзода

Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИРТ гуфт: “Иштироки ҳамин қадар интихобкунандаҳо дар овоздиҳӣ асос мешавад, ки интихоботи президенти Тоҷикистон баргузоршуда ҳисобида шавад.”

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон аз нагирифтани даъватнома барои иштирок дар интихобот шикоят доранд. Инчунин, дар бораи вуҷуди тақаллуб дар ҷараёни овоздиҳӣ ва иштироки ками сокинон дар баъзе аз қитъаҳои раъйдиҳӣ гузоришҳо мерасанд.

Раҳматилло Зойиров ҳам мегӯяд, мушоҳидаи онҳо нишон додааст, ки дар баъзе аз ноҳияҳои тобеи марказ иштироки мардум дар интихобот камранг аст.

“Мо берун аз комиссияҳо назорат мекунем. Асосан мешуморем, ки чанд одам омаду рафт. Аз ин маълум мешавад, ки дар ҳақиқат дар ҳамин участка шумори умумии интихобкунандагон чӣ қадар аст ва чанд фоизаш барои раъйдиҳӣ омаданд,” -- афзуд Зойиров.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократ гуфт, хулосаи ниҳоии худро баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эълон мекунад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон соати 6-и субҳи 11-уми октябр оғоз шуда, то соати 20 давом мекунад. Интихоботи шашуми президентӣ дар Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар интихоботҳо Эмомалӣ Раҳмонро пирӯз эълон кардаанд ва 28 сол сари қудрат аст.

Нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамвора аз интихоботҳои Тоҷикистон ситоиш кардаанд, вале нозирони ғарбӣ гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон аз замони истиқлоли кишвар шаффофу озоду одилона сурат нагирифтааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG