Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон то Эмомалӣ Раҳмон чанд президент дошт? ВИДЕО


Мансаби баландтарини давлатӣ – мақоми президенти Тоҷикистон – соли 1990 ба вуҷуд омад. Баъд аз лағви банди 6-уми Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва маҳрум шудани Ҳизби коммунист аз ҳаққи мутлақи раҳбарӣ, кишвари шӯроҳо ба низоми бисёрҳизбӣ гузашт.

Дар низоми нав ба котибони аввали Ҳизби коммунист дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, ки амалан кишварашонро идора мекарданд, зарур буд, мақоме бисозанд, ки ҳаққи қонунии идораи давлатро ба онҳо бидиҳад. Барои ҳамин дар он замон мансаби президентро таъсис доданд.

ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ (30-юми ноябри 1990 – 31-уми августи соли 1991)

(Бо раъйи вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон раиси ҷумҳур интихоб шуд)

Президенти аввалини Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамонгуна ки барномарезӣ карданд, Қаҳҳор Маҳкамов, котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунист шуд. Шӯрои олӣ ӯро 30-юми ноябри соли 1990 интихоб кард. То он рӯз 5 сол масъулияти раҳбарии кишварро дошт.

Узви вафодори ҳизб, ки бо дастури Маскав кор мекард, натавонист, ба вазъи босуръат тағйирёбандаи сиёсӣ мутобиқ шавад. Маҳкамов моҳи августи соли 1991 аз табаддулоти нофарҷом дар Шӯравӣ тарафдорӣ кард ва бо ҳамин ба карйераи сиёсиаш поён дод.

Нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистон 31-уми августи соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои олӣ ва зери фишори эътирозгарону ҳамсафони ҳизбиаш истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олӣ раиси ҷумҳури муваққат таъйин шуд.

РАҲМОН НАБИЕВ (24-уми ноябри соли 1991 – 7-уми сентябри 1992)

Бо 56,9 дарсади раъйи мардум)

Дуввумин, вале нахустин раиси ҷумҳури мунтахаби мардумӣ Раҳмон Набиев шуд ва ба нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистони мустақил ҳам табдил ёфт.

То интихобаш ба ин мақоми олӣ дар моҳи декабри соли 1991 ин сиёсатмадор таҷрибаи зиёди кори ҳизбӣ ва идориро дошт. Раҳмон Набиевро ҳанӯз соли 1982 котиби аввали Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда буданд. Моҳи декабри соли 1985 Набиев дар замони маъракаи Горбачёв ба зидди шаробхорӣ аз мақомаш барканор шуд.

Баъди 5 сол Раҳмон Набиев бо як ҳаракати ғайриинтизор ба саҳнаи сиёсӣ баргашт. Соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва 23-юми сентябри 1990 бо мадади ҳамсафони коммунисташ, раиси Шӯро Қадриддин Аслоновро аз мақомаш канор зад ва ҷойи ӯро гирифт.

Дар он замон вакилони коммунист Аслоновро ба манъи фаъолияти Ҳизби коммунист ва чаппа кардани муҷассамаи Ленин дар маркази Душанбе муттаҳам мекарданд.

Дар натиҷаи эътирозҳои дуҳафтаина, Набиев аз вазифааш муваққатан даст кашид ва довталаби курсии раиси ҷумҳур шуд. Дар интихоботи рӯзи 24-уми ноябри соли 1991 пирӯз омад ва чанде баъд зиддияти сахте байни ӯ ва нерӯҳои мухолифин оғоз ёфт. Ин зиддият пас аз 6 моҳ ба ҷанги мусаллаҳона байни тарафдорони ҳукумат ва мухолифони иборат аз демократҳову исломгароён печид.

7-уми сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев, зери мили автоматҳои мухолифони мусаллаҳ, аризаи истеъфо навишт. Ба ҷойи ӯ, раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров, иҷрокунандаи салоҳиятҳои раиси ҷумҳур шуд.

НАВОРРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Тоҷикистон то Раҳмон чанд президент дошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН (16-уми ноябри 1992 – то имрӯз)

(Бори аввал соли 1994-ум 59,5 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд)

Карйераи президентии раҳбари кунунии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1992 оғоз ёфтааст. Дар он замон раиси начандон шинохтаи вилояти Кӯлоб бар хилофи чашмдошти сиёсатмадорони зиёди маъруф раиси Шӯрои олӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмони 40-сола баъдан онгуна ки маълум шуд, ба шарофати Ислом Каримов қудратро ба даст овард. Узбекистон дар муборизаҳои сиёсии дохилӣ дар Тоҷикистон ба “Фронти халқӣ”, гуруҳи мусаллаҳи тарафдорони коммунистҳо кумак мекард.

Аъзои “Фронти халқӣ” асосан зодагони вилояти Кӯлоб буданд. Аз рӯзи 7-уми сентябри 1992 курсии раиси ҷумҳур холӣ буд ва аз ин сабаб Шӯрои олӣ мансаби президентро аз байн бардошт ва тамоми салоҳиятҳои президентро ба Эмомалӣ Раҳмон дод.

Моҳи ноябри соли 1994, замони авҷи ҷанги дохилӣ, дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор карданд ва Конститутсияи нав қабул шуд. Бо вуҷуди таҳрим аз тарафи мухолифон ва ширкат надоштани сеяки аҳолӣ дар раъйдиҳӣ, интихоботро баргузоршуда ва Эмомалӣ Раҳмонро раиси ҷумҳур эълон карданд.

Даҳсолаҳои баъдӣ раиси ҷумҳури кунунӣ се дафъаи дигар (1999, 2006, 2013) ба ин мақом пешниҳод шуд. Ӯро ҳар дафъа бо касби раъйи зиёд пирӯз эълон кардаанд.

Тибқи Конститутсияи соли 1994, Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надошт, беш аз ду бор раиси ҷумҳур бошад. Барои рафъи ин монеа ҷиҳати мондан дар мақомаш Раҳмон се дафъа Қонуни асосии кишварро ислоҳ кард.

Ислоҳи аввал дар соли 1999 ба президент ҳақ дод, 7 сол ва як бор раиси ҷумҳур бошад. Баъди ислоҳи дувум дар соли 2003, Эмомалӣ Раҳмон ҳақ пайдо кард, ду давраи дигари 7-сола раиси ҷумҳур шавад. Баъди ислоҳи Конститутсия дар соли 2016, Эмомалӣ Раҳмонро "пешвои миллат" эълон карданд ва ба ӯ ҳақ доданд, чанд дафъае, ки хоҳад, президент интихоб шавад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG