Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко дар боздоштгоҳ бо зиндониҳои сиёсӣ мулоқот кард


Виктор Бабарика (аз чап) собиқ бонкдор ва муддаии курсии президентӣ пеш аз интихобот бо иттиҳомоти ба қавли тарафдоронаш сохтаи харобкориҳои молӣ боздошт шуд ва бо ин аз ширкат дар интихобот маҳрум гашт
Виктор Бабарика (аз чап) собиқ бонкдор ва муддаии курсии президентӣ пеш аз интихобот бо иттиҳомоти ба қавли тарафдоронаш сохтаи харобкориҳои молӣ боздошт шуд ва бо ин аз ширкат дар интихобот маҳрум гашт

Матуботи давлатии Беларус гуфт, ки рӯзи 10-уми октябр Александр Лукашенко дар боздоштгоҳ бо рақибони сиёсии худ мулоқот кард. Ба навиштаи матуботи давлатӣ, дар ин мулоқот, ки дар боздоштгоҳи КГБ барпо шуд, нақшаҳои ислоҳоти конститутсионӣ баррасӣ гардид. Дар сари мизи гуфтугӯ он раҳбарони мухолифони Беларус нишаста буданд, ки давоми чанд моҳи ахир боздошту зиндонӣ шуданд. Лукашенко гуфт, “ман дар талоши ин ҳастам, ки на танҳо тарафдорони шумо, балки тамоми ҷомеаро мутақоид кунам, ки ҷомеа бояд ба вазъият фаротар назар бикунад”. Иттиҳоди Аврупо ва ИМА гуфтанд, ки натиҷаҳои интихобот ва Лукашенкором ҳамчун президентии Беларус эътироф намекунанд. Лукашенко баъди интихоботи моҳи август худро президенти мунтахаб эълон кард, вале ин натиҷаҳоро мухолифону садҳо ҳазор сокинони Беларус тақаллубшуда номида, даст ба эътироз заданд. Дар мулоқоти Лукашенко Виктор Бабарика, бонкдори собиқ ва муддаии курсии президентӣ бо писараш, ҳуқуқшинос Лилия Власова, як узви Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон, Виталий Шкляров, таҳлилгари беларусу амрикоӣ ва дигарҳо ширкат карданд. Мухолифони Беларус гуфтанд, ки мулоқоти Лукашенко бо зиндониҳо нишони заъфи ӯ аст.

XS
SM
MD
LG