Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳузури Трамп дар мазҳари ом баъди озод шуданаш аз олудагӣ ба COVID-19


Трамп аз балкони Кохи Сафед ба ҷамъомадагон муроҷиат кард
Трамп аз балкони Кохи Сафед ба ҷамъомадагон муроҷиат кард

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нахустин мулоқоти ҷамъиятиаш баъди пуштисар кардани коронавируси нав дар Кохи Сафед гуфт, ки худро хуб ҳис мекунад. Трамп рӯзи 10-уми октябр аз балкони Кохи Сафед дар баробари аксар амрикоиҳои испаниву африқоинажод суханронӣ кард. Президент, ки бидуни ниқоби тиббӣ буд, дар суханронии мухтасараш аз рақиби демократ Ҷо Байден интиқод ва аз сохторҳои ҳифзи қонун ва дастоварҳои маъмурияташ ситоиш кард. Тарафдорони Трамп бо ниқоб омаданд, вале аксарашон фосилаи ҷисмониро риоя намекарданд. Бо ин ки худи ӯву беш аз даҳ корманди Кохи Сафед ба коронавирус олуда шуда шумори олудашавиҳо ҳамоно зиёд боқӣ мемонад, Трамп хитоб ба мардум гуфт, ки пандемия “тамом мешавад”.

Дар ИМА то ҳол беш аз 213 ҳазор нафар аз вирус даргузаштанд. Трамп гуфт, “мо шеваи муолиҷа ва доруҳои қавиро истеҳсол мекунем ва беморон сиҳат мешаванд, воксина ҳам базудӣ пайдо мешавад”. Дар пешорӯи интихоботи 3-юми ноябр дар ИМА назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки мизони маҳбубияти Трамп 10 дарсад камтар аз Байден мебошад. Бо вуҷуди шубҳа ба пурра барқарор шудани саломатии Трамп аз коронавирус, ӯ ният дорад рӯзи 12-уми октябр ба Флорида бо ҳадафи идомаи маъракаи интихоботиаш биравад.

XS
SM
MD
LG