Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуҳалим Ғаффорзода ба натиҷаҳои интихобот хушбин аст. ВИДЕО


Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизбти сотсиалистии Тоҷикистон ва номзади президентӣ
Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизбти сотсиалистии Тоҷикистон ва номзади президентӣ

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон, субҳи якшанбе дар нуқтаи интихоботии рақами 11 дар шаҳри Душанбе раъй дод. Вай гуфт, ба натиҷаҳои интихобот хушбин аст ва бовар дорад, «пирӯз мешавад». Аммо коршиносон Ғаффорзодаро номзади ҷиддӣ дар интихобот намешуморанд ва мегӯянд, номзадии ӯ барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот пешниҳод шудааст. Раҳбари 69-солаи Ҳизби сотсиалистӣ дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 низ номзад буд ва раъйи хеле кам ба даст овард. Дар ҷое, ки Ғаффорзода раъй дод, масъулони маркази раъйдиҳӣ гуфтанд, дар шароити пандемияи COVID-19 чораҳои беҳдоштиро андешидаанд. Сокиноне, ки барои раъйдиҳӣ омаданд, аз интихобот интизориҳои гуногун доранд. Дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзадҳои панҷ ҳизб ширкат доранд. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои гузашта ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шаффофу демократӣ сурат нагирифтаанд.

Абдуҳалим Ғаффоров умедвор аст, "натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

XS
SM
MD
LG