Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷумҳурии Чех дар як рӯз 8618 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд


Акси рамзӣ аз коронавирус, ки дунёро фаро гирифтааст
Акси рамзӣ аз коронавирус, ки дунёро фаро гирифтааст

Рӯзи 9-уми октябр дар ҷумҳурии Чех якбора 8618 нафарро ҳамчун гирифтор ба коронавируси нав сабт карданд, ки ин ҳисоби рекордӣ аз оғози пандемия ҳисоб мешавад.

Ҷумҳурии Чех мисли Тоҷикистон беш аз 9 миллион аҳолӣ дорад ва дар маркази Аврупо қарор дорад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки кишвараш бо ҷумҳурии Чех ҳаммарз аст, ин ҳолатро ташвишовар хонд.

Ӯ гуфт, эҳтимоли аз даст додани назорати беморӣ вуҷуд дорад.

Ҷумҳурии Чех ва Олмон аз ҷумлаи кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ки дар чанд ҳафтаи ахир гирифторони коронавирус афзоиш меёбад.

Шумораи умумии гирифторон дар ҷумҳурии Чех ба беш аз 109 ҳазор нафар расидааст, ки беш аз 8 ҳазор нафарашро танҳо рӯзи 9-уми октябр сабт кардаанд.

Дар Украина ва Лаҳистон низ теъдоди гирифторон ба коронавирус афзоиш ёфтааст. Русия 12 126 нафарро ҳамчун бемор сабт кардааст, ки аз рӯйи ҳисобҳои умумии гирифторони коронавирус дар дунё дар ҷойи чорум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG