Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва се кишвари дигари Осиёи Марказӣ аз вазъи Қирғизистон изҳори "нигаронии амиқ" карданд


Акс аз соли 2018
Акс аз соли 2018

Раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон бо нашри баёнияи расмӣ аз таҳаввулоти Қирғизистон изҳори нигаронии амиқ карданд.

Дар баёния, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 9-уми октябр нашр кард, гуфта шудааст, "мо аз мардуми Қирғизистон даъват мекунем, барои ҳифзи сулҳ ва барқарории субот дар кишвар хирадмандии хос ба худро нишон бидиҳанд."

Дар баёния изҳори умед шудааст, ки ҳамаи тарафҳои дахил дар буҳрони сиёсӣ тамоми талоши худро ба таъмини сулҳу субот ба харҷ медиҳанд.

"Беҳбудии Қирғизистон омили муҳим дар амнияти минтақа ва рушди устувори Осиёи Марказӣ аст. Кишварҳои мо гузаштаи муштарак доранд ва ояндаи муштарак месозанд", - гуфта шудааст дар изҳорот.

Ду рӯ пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамтоёнаш аз Русия ва Қазоқистону Узбекистон ҳодисаҳои ахири Қирғизистонро баррасӣ карда буд. Тарафҳо вазъият дар Қирғизистонро "буҳронӣ" ва музокиротро роҳи "ҳарчи зудтар ҳал шудани масъала" донистанд.

Қирғизистон бо Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон ҳаммарз аст ва дар созмонҳои зери нуфузи Русия, аз ҷумла Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё узвият дорад.

Вазъият дар Қирғизистон баъди он печида шуд, ки мухолифон ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябр дар он кишвар эътироз карданд ва ба майдонҳо баромаданд. Онҳо гуфтанд, дар интихобот тақаллуби зиёд сурат гирифт ва асосан ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат вориди порлумон шуданд.

Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои интихоботро бекор кард ва раиси ҷумҳур гуфт, омодаи истеъфо аст, аммо ҳамоно намоишҳои эътирозӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG