Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WFP барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд


Тақсими ғизоҳои овардашуда аз ҷониби WFP дар Қирғизистон
Тақсими ғизоҳои овардашуда аз ҷониби WFP дар Қирғизистон

Созмони ҷаҳонии ғизо (World Food Program) - барандаи имсолаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Кумитаи Норвежии Нобел рӯзи 9-уми октябр эълон кард, ки ин созмон барои талошҳояш дар амри мубориза бо гуруснагӣ ба ин ҷоиза мушарраф мешавад. Ин созмон як ниҳоди вобаста ба СММ мебошад

Раиси Кумитаи норвежии Нобел Берит Рейсс-Андерсен зимни эълони ин қарор дар шаҳри Осло гуфт:

«Эҳтиёҷ ба ҳамраъйии байналмилаливу ҳамкории бисёрҷониба назар ба ҳар вақти дигар имрӯз бештар зери шубҳа аст. Кумитаи Норвежии Нобел қарор кард, ки Ҷоизаи сулҳи Нобелро дар соли 2020 ба Созмони ҷаҳонии ғизо барои талошҳояш дар амри мубориза бо гуруснагӣ, барои талошаш дар беҳбуд бахшидани шароити сулҳ дар минтақаҳои ҷангзада ва барои он бидиҳад, ки ба ҳайси як нирӯи муҳаррики пешгирикунанда аз истифода гуруснагӣ ба ҳайси силоҳ дар ҷангу низоъҳо хидмат кардааст».

Сухангӯи Созмони ҷаҳонии ғизо гуфт, ки дарёфти ҷоиза як ифтихор аст. Ҷоиза бо арзиши 1,1 миллион долар рӯзи 10-уми декабр дар Осло тақдим хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG