Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков истеъфои нахуствазирро пазируфт


Сооронбой Ҷеенбеков ва Кубатбек Боронов
Сооронбой Ҷеенбеков ва Кубатбек Боронов

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, фармони истеъфои сарвазир ва ҳукумати кишварашро имзо кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти он кишвар хабар доданд.

"Дар робита ба фармони президент, касоне, ки дар мақоми сарвазир, ноиб-аввали сарвазир, ноиб-сарвазир, аъзои ҳукумат кор мекарданд, ба истеъфо рафта, то ташкили ҳукумати нав дар мақоми иҷрокунандаи вазифа боқӣ мемонанд", - хабар доданд аз маркази матбуотии президент.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр ва пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумат боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои мухолиф дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Ин ҳамоиши эътирозӣ ба задухурд миёни сокинон ва кормандони пулис анҷомид.

Дар натиҷа шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон "Кохи сафед" ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.

XS
SM
MD
LG