Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп муолиҷаи зидди коронавирусро анҷом дода ба маъракаи интихоботӣ бармегардад


Доналд Трамп гуфт, ки омода аст ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ баргардад
Доналд Трамп гуфт, ки омода аст ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ баргардад

Шон Конли, табиби Кохи Сафед гуфт, ки президенти ИМА Доналд Трамп муолиҷаи коронавирусро анҷом дода, аз 10-уми октябр метавонад ба ширкат дар маъракаҳои ҷамъиятӣ баргардаад. Конли рӯзи 8-уми октябр гуфт, ки аз замони ташхис шудани бемории Трамп 10 рӯз гузашт ва тими машваратии тиббӣ ба ин фикр аст, ки президент метавонад пурра ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ баргардад. Трамп се рӯз дар беморхона муолиҷа гирифт ва рӯзи 5-уми октябр ба Кохи Сафед баргашт. Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ҳукумати ИМА гуфт, ки ду санҷиши тестии манфӣ дар фосилаи 24 соат байни ҳам кофист, ки сироятнок набудани инсон тасдиқ шавад. Трамп қаблан гуфт, ки бовар надорад, ки ӯ сироятнок аст, чун худро хуб ҳис мекунад ва метавонад ба ширкати фаъол дар маъракаи интихоботӣ баргардад. Дар паи олуда шудани Трамп ба коронавирус комиссиюни мустақили музоҳираҳои президентӣ қарор кард, ки бо далелҳои беҳдоштиву амниятӣ дебати навбатии ӯву Байден ба мӯҳлати дигар гузаронида мешавад.

XS
SM
MD
LG