Вакилони порлумони Қирғизистон 7 октябр дар яке аз меҳмонсаройҳои шаҳри Бишкек гирди ҳам омаданд, вале ба далели иштирок надоштани аксарият натавонистанд ҷаласаи ғайринавбатиро баргузор ва қарореро қабул кунад.
Вакили порлумони Қирғизистон Рискелдӣ Момбеков хабар дод, ки ба вохӯрии мазкур 40 вакил рафтаанд, ки шумори онҳо барои баргузории ҷаласаи порлумонӣ кофӣ набуд.
Дар мулоқот даъвати ҷаласаи ғайринавбатии порлумон, номзадӣ ба мақоми сарвазирӣ ва изҳори нобоварӣ ба президенти Қирғизистон баррасӣ шудааст. Вале иштирокдорон натавонистанд ба тавофуқ бирасанд.
Ба гуфтаи Момбеков, бархе вакилон ба хотири манфиати шахсӣ ва бархеи дигар аз тарс ба вохӯрӣ нарафтанд.
Миктибек Абдилдаев, ки як гуруҳи алоҳидаи вакилон ӯро раиси порлумон эълом кардаанд, гуфт, ҷаласаи ғайринавбатӣ рӯзҳои наздик баргузор мешавад ва вакилон барои эътидоли вазъ дар Қирғизистон қарореро қабул хоҳанд кард.
Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои сиёсӣ дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Қирғизистон боиси норозигии аҳзоби мухолифи ҳукумат шуд.
Шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон "Кохи Сафед" ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.