Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон гуфт, як лӯлаи нафташ мавриди ҳадаф қарор гирифт


Қаробоғи Кӯҳӣ. Акс аз як гузориши видеоии ТВ-и Арманистон бардошта шудааст
Қаробоғи Кӯҳӣ. Акс аз як гузориши видеоии ТВ-и Арманистон бардошта шудааст

Додситонии кулли Озарбойҷон мегӯяд, рӯзи 6-уми октябр, дар ҳоле ки даргириҳои нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар гирду атрофи минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ идома дошт, як лӯлаи интиқоли нафт ҳадаф қарор гирифт. Бахши Озарии Радиои Озодӣ аз қавли дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон мегӯяд, лӯлаи нафти Боку-Тифлис-Ҷайҳун, ки аз ноҳияи Евлах мегузарад, ҳадафи мушак қарор гирифт. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки кӯшиши тахриб намдудани лӯла, ки як унсури муҳими амнияти энергетикии Аврупо мебошад, соати 9-и шоми 6-уми октябр ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳодиса як фарди мулкӣ ба ҳалокат расид. Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Арманистон мегӯяд, 6-уми октябр маркази минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ - шаҳри Степанакерт мавриди мушакборон қарор гирифт. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар суҳбат бо хабаргузории Франс-Пресс гуфт, пуштибонии комили Туркия Озарбойҷонро ба идомаи моҷаро ташвиқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бидуни дастгирии Туркия ин ҷанҷол шурӯъ намешуд.

XS
SM
MD
LG