Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон тартиби нави фурӯши хӯрокворӣ ҷорӣ шуд


Туркманистон
Туркманистон

Дар шароити душвори таъмини мағозаҳои давлатӣ бо маҳсулоти ғизоӣ дар вилояти Лебапи Туркманистон тартиби нави фурӯши маҳсулот ҷорӣ карда шудааст.

Ҳамакнун сокинон барои дарёфти маҳсулоти нисбатан арзонтар аз мағозаҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки як санади дигар дастрас кунанд.

То ин замон сокинонро мебоист, аз идораи манзиливу комуналӣ санади махсусе дарёфт кунанд.

Тибқи тартиби нав, сокинон вазифдор шудаанд, ки бо санадҳои муайянкунандаи шахсият ва дафтари ҳавлӣ нахуст ба пулиси маҳаллӣ рафта, худро дар қайд гузоранд. Ному насаби сокинон дар низоми электронӣ шомил карда мешавад, хабар медиҳанд расонаҳо.

Раёсати манзиливу комуналӣ танҳо дар асоси санади пулис метавонад, ки ба сокинон санади камбизоатӣ диҳад. Сокинон дар асоси санади раёсати манзилӣ ба мағоза рафта, маҳсулоти арзонтар харидорӣ мекунанд.

Бо ин гуна санад аз мағоза мешавад, дар моҳ 1 литр равған, миқдоре гӯшти мурғ, 1 кило шакар, 5 кило орд харидорӣ кард.

XS
SM
MD
LG