Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои мухолифин дар Бишкек беш аз 100 кас маҷруҳ шудааст


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон тамоми шаби 6 октябр пулис талош кард, ки эътирозгаронро пароканда кунад. Ширкатдорони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр норозӣ ҳастанд.

Ибтидо пулис ҳамаи эътирозгаронро аз майдони марказии шаҳр ронд. Барои пароканда кардани эътирозгарон аз норинҷакҳои садодор ва василаҳои махсус истифода шуд. Хабар дода мешавад, ки бархе аз эътирозгарон бо пулис занозанӣ кардаанд.

То соати 12 шаб бештар аз 120 одам ба бемористон бурда шуданд. Дар ин бора вазорати тандурустии он кишвар хабар дод. Дар бораи фавти одамон ҳанӯз хабаре нест.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ, ду пулис низ дар ин занозанӣ маҷруҳ шудааст. Ду мошини ёрии таъҷилӣ зиён дидааст.

Бархе аз роҳбарони эътироз ҳам аз тирҳои резинии пулис ҷароҳат бардоштанд.

Эътирозгарон Кохи сафедро, ки ҳам дафтари раёсатҷумҳурӣ ва ҳам порлумони он кишвар ба ҳисоб меравад, "ғасб" карданд.

Садҳо фаъоли ҷамъиятӣ ва ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 5 октябр бо нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд.

Пулис шоми 5 октябр талош кард, ҷамъомадагонро пароканда созад. Эътирозгарон муқовимат нишон доданд.

XS
SM
MD
LG