Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд ҷасади як тилоҷӯйро пайдо карданд


Рӯзи 30 сентябр дар роҳ ба сӯи бемористони ноҳияи Қушрабоди вилояти Самарқанди Узбекистон ҷасади марди 20-сола пайдо шуд.

Хабар дода мешавад, ин мард ба ҷустуҷӯи ғайриқонунии тило машғул буд ва зери санг монда, дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон додааст. Ин хабарро наздикони марди фавтида тасдиқ карданд.

Айни ҳол додситонии ноҳия ба тафтиши пешакии ҳодиса машғул аст. Ин дувумин ҳодисаи як моҳи охир аст, ки тилоҷӯёни ғайриқонунӣ дар Узбекистон зери санг мемонанд ва мефавтанд.

Як шоҳиди ҳодиса гуфт, марди 20-соларо, ки рӯзи 30 сентябр фавтид, ҳамроҳонаш аз зери санг дар ҳоле берун оварданд, ки мадҳуш буд. Ҳамроҳон тасмим гирифтанд, ӯро ба бемористон баранд, аммо дар роҳ фавтид ва ҳамроҳон аз тарси ба ҷавобгарӣ ҷалб шудан ҷасади ӯро дар нимароҳ монданд.

Ҳукумати Узбекистон аз 1 марти соли 2019 ҷустуҷӯи металҳои гаронбаҳоро қонунӣ гардонид. Аммо барои ин кор иҷозаи мақомоти марбутаи он кишвар зарурист.

XS
SM
MD
LG