Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ва Озарбойҷон аз омодагӣ ба гуфтушуниди сулҳ паём доданд


Кӯҳистони Қарабоғ -- низомии арман ҳангоми зарбаи тӯпхона ба самти Озарбойҷон. 2 октябри соли 2020
Кӯҳистони Қарабоғ -- низомии арман ҳангоми зарбаи тӯпхона ба самти Озарбойҷон. 2 октябри соли 2020

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев аз Русия, ИМА ва Фаронса даъват кард, ки талошҳо барои ҳалли низоъ дар атрофи минтақаи баҳсбарангези Кӯҳистони Қарабоғи Озарбойҷонро идома диҳанд. Изҳороти Алиев дар мусоҳиба бо телевизиони “Алҷазира” рӯзи 3 октябр як рӯз баъд аз он садо дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Арманистон аз даъвати Гурӯҳи Минск ба ҳалли сулҳомези муноқиша истиқбол кард. Ҳамчунин рӯзи 2 октябр Арманистон изҳор намуд, ки омодааст аз талошҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба созмондиҳии музокироти сулҳ ҳимоят кунад. Ин дар ҳолест, ки сарони ҷомеаи байнулмилал ба қатъи фаврии даргириҳо дар минтақаи ҷудоихоҳ даъват кардаанд. Гурӯҳи Минск низ аз сарварони Арманистон ва Озарбойҷон хост, "бидуни таъхиру пешшарт ва содиқона гуфтушуниди бомуҳтаворо идома диҳанд”. Даъватҳо ба сулҳ дар ҳоле тақвият меёбанд, ки хатари ба ҷанги фарогир табдил ёфтани даргириҳо ва ба саҳна кашида шудани қудратҳои минтақавие чун Русия ва Туркияи узви НАТО дар миён аст. Хабаргузории давлатии Туркия “Анадолу” ба нақл аз вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 3 октябр талабҳои "сохта"-и оташбасро рад кард ва гуфт, ки "ин дар айни ҳол судманд нахоҳад буд".

XS
SM
MD
LG