Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Демократия дар замони пандемия бештар осеб дид


Шаҳри Подгоритсаи Черногория, 30-юми сентябр
Шаҳри Подгоритсаи Черногория, 30-юми сентябр

Дар шароити буҳрони пандемияи COVID-19 демократия дар саросари ҷаҳон "амиқтар осеб дид".

Созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар гузориши вижае рӯзи 2-юми октябр гуфт, бо баҳонаи пандемия ҳукуматҳо интихоботро беназм карда, мунтақидону матбуотро саркӯб карданд ва масъулияти худро дар заминаи таъмини ҳуқуқи башар ва ҳифзи сиҳҳатии мардум пурра ба иҷро нарасониданд.

Муҳаққиқони созмони воқеъ дар Амрико мегӯянд, дар 80 кишвари ҷаҳон дар давраи пандемия вазъи ҳуқуқи башар бадтар шуд ва дар кишварҳое, ки қаблан ҳам нишондодҳои демократиашон хуб набуд, боз ҳам сангинтар гашт.

Гузориш мегӯяд, сӯиистифода аз қудрат, ки бе ин ҳам номутаносиб буд, дар давраи пандемия аз ҳад зиёд шуд.

Дар назарсанҷии Хонаи Озодӣ беш аз 60 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки эҳтимол таъсири пандемия ба ҳуқуқи сиёсиву озодиҳои маданӣ давоми аз се то панҷ соли баъдӣ боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG