Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони аврупоӣ ба таҳрими Беларус розӣ шуданд


Брюссел, ҷаласаи раҳбарони аврупоӣ
Брюссел, ҷаласаи раҳбарони аврупоӣ

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо сари қабули нақшаи таҳрими 40 шахсият дар Беларус, ки дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон масъулият доранд, ба мувофиқа даст ёфтанд. Баъди анҷоми ҷаласа дар Брюссел рӯзи 2-юми октябр раҳбарони аврупоӣ гуфтанд, ки тавонистанд садди эҷодшуда аз ҷониби Қибрисро убур ва бастаи таҳримҳои таъхиркарда болои Беларусро қабул кунанд. Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо баъди ҷаласа ба хабарнигорон гуфт, “имрӯз мо ба қароре расидем, ки таҳримҳоро ҷорӣ бикунем”. Александр Лукашенко, ки дар паи интихоботи 9-уми август барандаи интихобот эълон шуд, вале садҳо ҳазор нафар онро тақаллубшуда номиданд, дар миёни мақомҳои таҳримшудаи Беларус ёд намешавад. Як дипломати аврупоӣ гуфт, ки ӯро дар таърихи дертар ба ин феҳрист ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG