Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо тақозо кард, ки ҷангҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ хотима ёбанд


Дар назди як манзиле дар Қаробоғи Кӯҳӣ
Дар назди як манзиле дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба хатми билофосилаи даргириҳои нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ даъват карданд ва ин дар ҳолест, ки хатари тавсеаи хушунатҳо бо сабаби ба низоъ ҷалб шудани қудратҳои минтақаӣ афзоиш меёбад. Дар изҳороти рӯзи 2-юми октябри Шӯрои Аврупо баъди хатми ҷаласаи ниҳод дар Брюссел гуфта шудааст, ки “талафоти инсонӣ ва афзоиши қурбонӣ дар миёни мардуми мулкӣ ғайри қобили қабул аст. Ин низоъ набояд аз роҳи низомӣ ваё дахолати беруна ҳал шавад”. Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки аз кори гурӯҳи мавсум ба Гурӯҳи Мински САҲА пуштибонӣ мекунад. Ин гурӯҳ ҳанӯз аз солҳои 1990 таъсис шуда, вазифааш миёнҷигӣ дар хатми ҷанг мебошад. Ба узвияти ин гурӯҳ инчунин Фаронса, Русия ва ИМА шомил ҳастанд ва ин гурӯҳ аллакай тақозо кард, ки аз 1-уми октябр ҳамаи ҷангҳо хотима дода шаванд.

XS
SM
MD
LG