Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний гуфт, сухангӯи Путинро ба додгоҳ мекашад


Алексей Навалний ва Владимир Путин.
Алексей Навалний ва Владимир Путин.

Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний гуфт, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песковро, ки ӯро ба ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси хориҷӣ айбдор кард, ба додгоҳ мекашад.

"Инҷо тасдиқи ошкорои мансабдори давлатӣ аст. Якум, зидди Песков ба додгоҳ шикоят мебарам. Дувум, талаб мекунам, то далел дар бораи "ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси хориҷиро нашр кунанд. Тавассути телевизион мустақиман нишон диҳед. Иҷозат медиҳам", - навиштааст ӯ дар сомонаи худ.

Пештар Песков ва раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин Навалнийро ба ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси хориҷӣ айбдор карда буданд.

"Бемор (Навалний) бо хадамоти махсуси Ғарб ҳамкорӣ надорад. Хадамоти махсуси Ғарб бо ӯ ҳамкорӣ дорад. Дар ҳақиқат ин гуна маълумот вуҷуд дорад ва ман ҳатто гуфта метавонам, ки имрӯзҳо бо ӯ мутахассисони Идораи марказии иктишофии ИМА кор мекунанд", - гуфта буд Песков ба рӯзноманигорон.

Алексей Навалний дар ҳоли ҳозир дар Олмон қарор дорад. Ӯ аллакай аз бемористони Charité рухсат шудааст. Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.

Намояндаи расмии ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт нимаи дувуми моҳи сентябр гуфт, дар бадани Навалний асари маводи кимиёии заҳролудсоз аз гуруҳи хатарноки "Новичок"-ро пайдо карданд. Бо вуҷуди он, ки мақомоти рус ин иддаоро рад мекунанд, ду озмоишгоҳи мустақил дар Фаронса ва Шветсия хулосаи мутахассисони олмониро тасдиқ карданд.

Навалний то ба поён расидани муҳлати табобаташ дар Олмон мемонад ва сипас тасмим дорад, ки ба Русия баргардад.

XS
SM
MD
LG