Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири қазоқ гуфт, киҳоро баъди вуруд ба Қазоқистон карантин мекунанд


Алмаато, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Алмаато, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 1 октябр дар ҷаласаи онлайнии ҳукумат гуфт, онҳое, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, дар сурати надоштани натиҷаи манфии санҷиши коронавирус ба карантин фиристода мешаванд.

"Тавре мебинем, дар ҳамсоякишварҳои мо, дар Аврупо, Олмон, Австрия ва кишварҳои дигар шумораи мубталоён афзоиш меёбад. Вақте шаҳрвандони мо ба кишварҳои дигар парвоз мекунанд, аз онҳо маълумотнома мепурсанд. Шумо то исбот накунед, ки ба вирус гирифтор нашудаед, ба АМА ва кишварҳои дигар парвоз карда наметавонед. Ин корҳо барои он анҷом мешаванд, ки ба Қазоқистон дубора ин бемориро наоранд", - афзуд Сой.

Барои мусофирон аз кишварҳое, ки парвози ҳавопаймоҳо бо онҳо аз сар гирифта шудааст, талаботи зерин ҷорӣ мешавад: бояд маълумотнома дар бораи натиҷаи манфии санҷиши коронавирус дошта бошанд. Дар сурати надоштан ба муҳлати 14 рӯз ба карантин фиристода мешаванд. Шаҳрвандони хориҷие, ки маълумотнома дар бораи санҷиши коронавирус надоранд, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Ба гуфтаи вазири қазоқ, ин талабот ба онҳое ҳам дахл дорад, ки аз гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Узбекистон мегузаранд.

Сой гуфт, тасмим гирифтанд, парвозҳо бо кишварҳое, ки аз сар гирифта шудааст, афзоиш дода нашаванд ва ҳамчунин шумори парвозҳо бо Туркия кам карда шавад.

XS
SM
MD
LG