Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколати Бахтовар Сафарзодаро дар Маҷлиси Намояндагон қатъ карданд


Бахтовар Сафарзода
Бахтовар Сафарзода

Ваколати Бахтовар Сафарзода, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Мақомот рӯзи 1-уми октябр гуфтанд, ки Сафарзода намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардид ва бинобар ин ҷояш дар Маҷлиси Намояндагон холӣ шуд. То ин дам дар ин мақом Ибодулло Раҳимов кор мекард. Бахтовар Сафарзода ҳамчун номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботҳои солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шудааст. Вай доктори илми ҳуқуқ буда, дар гузашта ба ҳайси муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG