Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши мошине дар Афғонистон 14 нафар ҷон дод


Кобул, баъди таркиши маргталабе. Акс аз бойгонӣ
Кобул, баъди таркиши маргталабе. Акс аз бойгонӣ

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар паи таркиши бомбаи сарироҳӣ дар вилояти марказии Дайкундӣ дастикам 14 мулкӣ кушта шуд. Бо ин ки дар Қатар ҳукумат ва Толибон музокироти сулҳ барпо кардаанд, хушунат дар саросари кишвар кам намешавад. Сухангӯи волии Дайкундӣ Насрулло Ғӯрӣ дар сӯҳбат бо бахши Афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафт зан, панҷ кӯдак ва ду мард ҳангоме ҷон доданд, мошинашон ба як маводи сарироҳии тарканда бархӯрд. Дар ҳодисаи рӯзи 29-уми сентябр инчунин се мусофир маҷрӯҳ шудааст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Тариқ Ориён гуфт, ки ин кори Толибон аст.

XS
SM
MD
LG