Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон маҳдудияти содироти тилоро бекор кард


Аз ин ба баъд шахсони воқеӣ метавонанд, бидуни маҳдудият аз Узбекистон хишт ва тангаҳои тилову дигар металҳои гаронбаҳоро ба берун баранд.

Вазорати адлияи Узбекистон хабар дод, ки президенти он кишвар рӯзи 27 сентябр фармон "Дар бораи такмили танзими гардиши металҳои гаронбаҳо"-ро имзо кард.

Бино ба ин фармон, шахсони воқеӣ метавонанд, бидуни маҳдудияти миқдор аз Узбекистон хишт ва тангаҳои тилову дигар металҳои гаронбаҳои Бонки марказиро ба хориҷ баранд.

Барои ин амал танҳо санади Бонки миллӣ, вазорати молия ва Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон лозим аст.

Фармони президенти Узбекистон ҳамзамон барҳамдиҳии Оҷонсии металҳои гаронбаҳо ва таъсиси Хадамоти ҳифз ва кор бо металҳои гаронбаҳоро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG