Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳҳо интиқоли сулҳомези қудратро ваъда медиҳанд


Президент Доналд Трамп қаблан гуфтааст, ки овоздиҳӣ тавассути почта эҳтимоли тақаллуби овозҳоро боло мебарад

Дар паи изҳороти президент Доналд Трамп, ки гуфт, эҳтимолан натиҷаҳои интихоботи рӯзи 3-юми ноябрро эътироф нахоҳад кард, аъзои аршади ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА гуфтанд, ки ҳама натиҷаҳоро қабул хоҳанд кард. Трамп баъди он ки рӯзи 23-юми сентябр гуфт, дар сурати мағлубияташ дар интихобот интиқоли сулҳомези қудратро қабул намекунад, дар ҳарду ҳизби сиёсӣ баҳсу ғавғо эҷод кард. Чанд сенатори ҷумҳурихоҳ баъди ин гуфтанд, ки мутобиқи конститутсияи ИМА интиқоли сулҳомези қудрат таъмин хоҳад шуд ва на Трамп ва на демократҳо раъйи мардумро нодида гирифта наметавонанд. Митч МакКоннелл, раҳбари аксар ҷумҳурихоҳҳои Сенат гуфт, барандаи интихоботи рӯзи 3-юми ноябр дар таърихи 20-юми январ савганд ёд мекунад. Ӯ афзуд, “аз соли 1792 ҳар чор сол интиқоли қудрат сурат мегирад ва ин навбат ҳам ҳамингуна хоҳад шуд”. Трамп рӯзи 24-уми сентябр ба саволи ин ки “оё танҳо дар сурати пирӯзии ӯ интихобот қонунӣ хоҳад буд?”, гуфт, “мебинем”. Трамп гуфт, мехоҳад дилпур шавад, ки “интихобот одилона барпо мешавад, вале дилам пур не, ки чунин хоҳад шуд”. Трамп аз ин пеш овоздиҳӣ тавассути почтаро интиқод карда гуфт, ки баргаҳои раъй дар муқобили тақаллуб заъфпазир мешаванд.

XS
SM
MD
LG