Оташсӯзӣ дар манзили зисти як рассом дар ҷануби Тоҷикистон садҳо китобу асар ва мусаввараҳои ӯро аз байн бурдааст.
Сухтор дар хонаи Ҷонибек Асозода, яке аз рассомони шинохта ва узви Академияи муссавирии Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеъ, рӯзи 17-уми сентябр рух додааст.
Вайс Асозода, писари рассом дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи ин оташсӯзӣ беш аз 120 асари тозаэҷод ва китобхонаи хусусии падараш бо 750 китоб ба коми оташ рафтааст.
Ҷонибек Асозода, раҳбари гурӯҳи эҷодии рассомон дар Кӯлоб аст. Ӯ яке аз фарҳангиёнест, ки соли 2014 "Чакан"-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ карда буд.
Мусаввараҳои ӯ дар даҳҳо чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудаанд.