Бино ба хабари расонаҳои Русия, Маскав эълон кардааст, ки аз 21-уми сентябр парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро ба Қазоқистону Қирғизистон ва Белорус аз сар мегирад, вале дар ин қатор аз Тоҷикистон ном бурда нашудааст.
Хабаргузории ТАСС рӯзи 18-уми сентябр навишт, бино ба қарори Ситоди фаврии муқобила бо коронавирус дар Русия парвозҳо ҳафтае як бор ба шаҳри Нурсултон, Бишкек ва Минск дар назар аст.
Дар Ситоди фаврии муқобила бо коронавирус дар Русия рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфтаанд, аз 27-уми сентябр парвозҳоро ба Куриёи Ҷанубӣ низ ба роҳ мемонанд.
Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Русия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар моҳи марти имсол бо сабаби густариши бемории коронавируси нав қатъ шуд.
Аз он замон то кунун Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ ба роҳ монд, вале муҳоҷирон ҳамвора мегӯянд, дарёфти билети бозгашт осон нест ва беҳтар аст парвозҳои доимӣ барқарор шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр эълон кард, ки то охири моҳ ба Русия 71 парвози чартерӣ дар назар аст.
Русия моҳи августи имсол парвозҳоро ба Бритониё, Танзания, Туркия ва Швейтсария аз сар гирифт. Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 15-уми сентябр бо такя ба манобеи огоҳаш дар ниҳодҳои Русия иттилоъ дод, ки мумкин аст, Маскав аз моҳи октябр парвози ҳавопаймоҳоро ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) аз сар бигирад. Тоҷикистон узви ин иттиҳод аст.
Қаблан ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки ба дархости Маскав дар бораи эҳтимоли азсаргирии парвозҳои мунтазам посухи мусбат додааст.