Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯз 408 сокини Қазоқистон ба "илтиҳоб"-монанд ба COVID-19" мубтало шудааст


Вазорати тандурустии Қазоқистон 16 сентябр гуфт, дар давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 408 ҳолати мубталошавӣ ба илтиҳоби шуши дорои нишонаҳои коронавирус ё COVID-19-ро сабт кардааст. Вале натиҷаи санҷиши вируси онҳо манфӣ аст.

Ин ниҳод ҳисоби мубталоён ба "илтиҳоби шабеҳи коронавирус" ва ҳолатҳои фавт бар асари онро аз 1 август оғоз кард. Дар давоми якуним моҳ шумори мубталоёни ин навъи беморӣ ба беш аз 30074 расида, то 15 сентябр 332 ҳолати фавт сабт шудааст.

Бино ба омори расмӣ, дар Қазоқистон 107 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шуда, 101 ҳазори онҳо то ҳол шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидаҳо бар асари ин беморӣ ба 1680 расида, панҷ ҳолати он рӯзи 15 сентябр ба қайд гирифта шудааст. 4037 мубталои боқимонда табобат мегиранд.

XS
SM
MD
LG