Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсиятҳои саршиноси ИМА Facebook ва Instagram-ро масдуд карданд


Ким Кардашян як ҳунарпешаву модели маъруф гуфт, ки ба муддати як рӯз саҳифаи худ дар Инстаграмро мебандад.
Ким Кардашян як ҳунарпешаву модели маъруф гуфт, ки ба муддати як рӯз саҳифаи худ дар Инстаграмро мебандад.

Чандин шахсияти шинохтаи амрикоӣ гуфтанд, ки саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram-ро ба нишони эътироз аз паҳн шудани матлабҳои хушунатзо ва таблиғотӣ ба муддати як рӯз масдуд мекунанд. Ҳунарпешаҳои Ҳолливуд Леонардо ДиКаприо, Саша Барон Коҳен, Ким Кардашян ва Ҷеннифер Лоуренс гуфтанд, ки ба маъракаи масдудкунии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ мешаванд. Кардашян, ки дар Instagram 188 миллион мухлис дорад, гуфт, пахши хабарҳои дурӯғин дар шабакаҳо “ба интихобот таъсири ҷиддӣ мерасонад ва демократияи моро ба ҳам мезанад”. Ӯ гуфт, вақте дар Facebook ва Instagram аз ҷониби гурӯҳҳое хабарҳои дурӯғине нашр мешаванд, ки ҳадафашон ҷудоиандозӣ дар ҷомеаи Амрико аст, хомӯш буда наметонад”. Маъракаи интернетии мубориза бо ахбори дурӯғинро эътилофи бо номи Stop Hate for Profit барпо кардааст. Марк Тсукерберг, раҳбари Facebook ҳанӯз моҳи июл бо ташаббускорони ин маърака мулоқот кард, вале онҳо гуфтанд, ки аз фаъолияти худ даст намекашанд.

XS
SM
MD
LG