Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19: дар Туркманистон табибон бо хоҳиши худ аз кор мераванд


Яке аз бемористонҳои Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз бемористонҳои Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Манбаъҳо дар муассисаҳои тиббии Туркманистон хабар медиҳанд, хатари сирояти коронавирус дар ин кишвар, ки мақомоташ мегӯянд, ягон ҳолати мубталошавӣ ба вирусро сабт накардаанд, ҳамоно зиёд аст.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, бештари табибону парасторон бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шуда, як қисми зиёди онҳо низ бо хоҳиши худ аз кор мераванд.

Як манбаъ дар бемористони Туркманободи Туркманистон гуфт, вақтҳои ахир ошкор шудани нишонаҳои коронавирус дар кормандони муассисаҳои тиббии маҳаллӣ афзоиш ёфтааст.

"Дар бемористони бисёрсоҳагӣ шумори табибону парасторони бистаришуда бо нишонаҳои коронавирус то рафт афзоиш меёбад. Ҷарроҳи 62-солаи бемористон дар ҳолати вазнин аст. Ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дорад. Писару духтари ӯ низ бистарӣ буданд. Чандин табибу парастор ин вазъро дида, бо хоҳиши худ аз кор рафтанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, моҳонаи кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар як вазъияти душвор кор мекунанд, сари вақт пардохт намешавад.

Мақомоти Туркманистон то ҳол иддао доранд, ки дар он кишвар коронавирус нест. Вале ба беморхонаҳои ин кишвар ҳамоно бемороне интиқол меёбанд, ки нишонаҳои коронавирусро доранд.

XS
SM
MD
LG