Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд пеш аз сафари Мирзиёев як ёдгории меъмориро тахриб карданд


Шаҳри Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.

Кормандони Идораи ободонӣ ва Бюрои иҷрои иҷбории шаҳри Самарқанди Узбекистон 11 сентябр биноеро дар кӯчаи Амир Темур тахриб карданд, ки то соли 2010 ҳамчун ёдгории меъморӣ аз сӯи давлат муҳофизат мешуд.

Як корманди шаҳрдории Самарқанд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, додгоҳ қарори тахриби биноро ғоибона содир карда буд ва бинобар имкони шикоят аз болои қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ кормандони Бюрои иҷрои иҷборӣ феълан ҳаққи тахриби онро надоштанд.

Намояндаи шаҳрдории Самарқанд гуфт, шитобкорӣ дар тахриби бино ба сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рабт дорад.

"Мирзиёев дар доираи сафари худ эҳтимол аст аз бинои нави Донишкадаи тиббии Самарқанд, ки аз соли 2018 дар доираи барномаи сармоягузорӣ бунёд мешавад, боздид кунад. Дар пушти он бинои №14 қарор дошт, ки солҳои дароз ҳамчун ёдгории меъморӣ ҳифз мешуд. Онро бо дастури шаҳрдории Самарқанд тахриб карданд, то президент бинои куҳнаро дида ба ғазаб наояд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як корманди Нозироти давлатии ҳифзи иншооти мероси фарҳангӣ дар Узбекистон гуфт, тахриби биноҳое, ки дар қисми таърихии шаҳр ҷойгир ҳастанду ба рӯйхати ЮНЕСКО шомиланд, хилофи бандҳои 30, 32 ва 33 Қонуни ҳифз ва истифодаи иншооти мероси фарҳангии ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG