Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Беларус 1,5 миллиард доллар қарз медиҳад. Ҷузъиёти мулоқоти Путину Лукашенко


Дар фурудгоҳи Сочи президенти Беларусро раҳбари Краснодар Вениамин Кондратев пешвоз гирифт
Дар фурудгоҳи Сочи президенти Беларусро раҳбари Краснодар Вениамин Кондратев пешвоз гирифт

Русия ба Беларус дар ҳаҷми 1,5 миллиард доллар қарз пешкаш мекунад. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Сочи хабар дод. Ӯ гуфт, ки масоили фаннии ин қарзро вазирони молия бо ҳам машварат мекунанд. Дар шарҳи таҳаввулоти ахири Беларус, ки аз интихоботи рӯзи 9-уми августи президентӣ ба ин сӯ шоҳиди эътирозҳои сартосарии мардуми норозӣ аз натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии навбатии Лукашенко аст, Путин гуфт, “беларусҳо бояд худашон, бидуни машварат аз берун вазъи дар кишвар пешомадаро ҳаллу фасл кунанд”. Айни замон, ба қавли Путин, Русия Беларусро як шарики наздиктарини худ меҳисобад ва “ӯҳдадориҳояшро бар асоси созиши Иттиҳоди ягона ва Созмони паймони дастаҷамъӣ иҷро хоҳад кард”.

Радио Свобода менависад, Лукашенко аз Путин ва мақомоти Русия, ба гуфтааш, барои пуштибонӣ дар давраи баъдиинтихоботӣ ташаккур кардааст. “Дӯстро дар ҳолати мушкил шинохтан мумкин аст”, гуфт Лукашенко. Ӯ гуфт, ки Путинро дар бораи эътирозҳо огоҳ хоҳад кард ва афзуд, ки вазъ таҳти назорат аст. Ӯ гуфт, “ин ҳама ҳодисаҳо нишон дод, ки мо бо бародари калониамон бояд ба ҳам наздик бошем”.

Путин ва Лукашенко инчунин машқҳои муштараки низомиро баррасӣ карданд, ки ҳоло дар Беларус ҷараён доранд. Путин гуфт, ки баъди анҷоми ин машқҳо нирӯҳо ба макони истиқрори худ бармегарданд. Музокироти Путин ва Лукашенко пушти дарҳои баста ҷараён дорад ва пораҳое аз сӯҳбатҳои пеш аз мулоқотро телевизиони RT намоиш дод.

XS
SM
MD
LG