Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зеркало" фаъолият дар Тоҷикистонро идома медиҳад


"Зеркало" гоҳо назарсанҷиҳое дар бораи овозхонҳо низ анҷом медод.
"Зеркало" гоҳо назарсанҷиҳое дар бораи овозхонҳо низ анҷом медод.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ иҷозат додааст, ки "Зеркало", яке аз марказҳои назарпурсии мустақил фаъолияти худро дар Тоҷикистон дубора идома бидиҳад. Вазорати адлия кори ин маркази назарпурсӣ барои ду моҳ манъ карда буд.

Қаҳрамон Бақозода, роҳбари "Зеркало" рӯзи 14-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори додгоҳ фаъолияти онҳо дубора оғоз шуд. Ҷаноби Бақозода афзуд, ҳама камбудҳои гуфтаи масъулини вазорати адлияро ислоҳ карданд.

Фаъолияти ташкилот моҳи июн ба муддати ду моҳ манъ шуд. Вазорати адлия ин марказро ба риоя накардани қонунгузорӣ аз ҷумла Қонуни меҳнат айбдор карда буд, ҳарчанд масъулини ташкилот на ҳама эродҳои мақомотро қабул доштанд. Қаҳрамон Бақозода, роҳбари ташкилоти “Зеркало” гуфт, моҳи август дубора аз қайди Вазорати адлия гузаштанд.

Ташкилоти "Зеркало" яке аз марказҳои назарсанҷӣ ва таҳқиқи афкори умум дар Тоҷикистон буда, дар мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ ва озодии баён назарпурсӣ мегузаронад.

XS
SM
MD
LG