Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил се ҳафта карантини нав ҷорӣ кард


Санҷиши COVID-19 дар як беморхонаи Исроил
Санҷиши COVID-19 дар як беморхонаи Исроил

Дар пасманзари афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус мақомот дар Исроил се ҳафта каратин ҷорӣ карданд. Дар ин бора нахуствазир Бенямин Нетаняҳу рӯзи 13-уми сентябр як изҳороти телевизионӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки қарор дар як ҷаласаи ҳукуматӣ қабул шудааст, каратини шадид ҷорӣ мешавад ва эҳтимоли тамдид шудани он вуҷуд дорад. Дар ин давра аз сокинони Исроил тақозо мешавад, ки дар фосилаи на дуртар аз 500 метр аз хонаи худ бошанд ва мактабу марказҳои тиҷоратӣ баста мешаванд. Дорухонаву фурӯшгоҳҳои ғизо боз хоҳанд буд. Карантине, ки ҷорӣ мешавад, ба давраи идҳо мувофиқ омад ва Нетаняҳу гуфт, ки ин давра давраи маъмулии ид нахоҳад буд. Исроил яке аз кишварҳоест, ки ба давраи нави карантин ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG