Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекорди нави якрӯзаи коронавирус дар ҷаҳон


Дар маросими миллие дар Ҳинд рақсандаҳо бо ниқобҳои ранга рӯи саҳна баромаданд
Дар маросими миллие дар Ҳинд рақсандаҳо бо ниқобҳои ранга рӯи саҳна баромаданд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рекорди нави якрӯзаи олудашавӣ ба коронавирусро сабт кард. Ин созмон гуфт, ки дар 24 соати гузашта дар саросари ҷаҳон 307,930 нафари нав ба коронавирус олуда шудаанд ва ин омор 1 ҳазор ҳодиса бештар назар ба рекорди ҳафтаи гузашта мебошад. СҶТ рӯзи 13-уми сентябр гуфт, ки дар 24 соати гузашта 5500 ҳолати марг бар асари вируси нав ба қайд гирифта шуда, шумори умумии қурбониҳоро ба 917,417 нафар баробар кард. Дар миёни кишварҳое бо баландтарин омори сироятшавӣ Ҳинд, ИМА ва Бразилия ёд мешаванд. Дар маҷмӯъ шурӯъ аз замони ошкоршавии нахустин ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус дар ҷаҳон то ҳол беш аз 28,6 миллион нафар олуда шудаанд ва нисфи ин омор дар Амрико ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG