Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон истеъфои Лукашенкоро хостанд. ВИДЕО


Беларус, 13 сентябр
Беларус, 13 сентябр

Даҳҳо ҳазор эътирозгар дар Беларус рӯзи 13 сентябр истеъфои Александр Лукашенко, президенти кунунии кишварро талаб карданд.

“Зинда бод Беларус!”, “Саша истеъфо!”, аз шиорҳои эътирозгарон буд, ки барканории Лукашенко ва баргузории интихоботи навро талаб мекарданд.

Эътирозҳо дар Беларус бештар аз як моҳ боз давом дорад.

Эълони президент Александр Лукашенко ба унвони барандаи интихоботи президентии рӯзи 9 август ба бовари мухолифон тақаллуби натиҷаҳои интихоботӣ буд ва ҳамин сабаб шуд, ки мардум ба эътироз бихезанд.

Ҳазорҳо мардум дар Беларус бовар доранд, ки дар интихобот Тихановская баранда шудааст ва истеъфои Лукашенкоро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG