Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви баландпояи ДОИШи Афғонистон боздошт шуд


Убайдулло ё Акрам Маданиро як узви баландпояи ДОИШи Афғонистон меноманд
Убайдулло ё Акрам Маданиро як узви баландпояи ДОИШи Афғонистон меноманд

Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки як узви баландпояи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар Кобул боздошт карданд, ки дар сӯиқасд ба ҷони ду донишманди умури динӣ дар Кобул гумонбар мешаванд. Раёсати миллии амният рӯзи 10-уми сентябр гуфт, дар амалиёти вижа Убайдуллоҳро боздошт карданд, ки ҳамчунин бо исми Акрам Маданӣ маъруф аст. Ӯро раҳбари амалиёти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимолушарқи Афғонистон меноманд. Ин хабарро ҳанӯз ҷангиён тасдиқ накардаанд. Дар изҳорот омадааст, ки Убайдулло соли 2012 ба шабакаи Ҳаққонии рабтдошта бо Толибон пайваст ва баъдан узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” шуд. Дар гузориш омадааст, ки ин шахс дар андешаи бомбгузории масҷиди Имом Содиқ дар шаҳри шимолии Қундуз буд. Мақомот гуфтанд, ки ин мардро масъули куштори ду донишманди маъруфи улуми динӣ Мавлавӣ Муҳаммад Аёз Ниёзӣ ва Мавлавӣ Азизулло Муфла меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG