Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Маскав Михаил Ефремовро гунаҳгор номид


Михаил Ефремов дар додгоҳ. 8-уми сентябри соли 2020
Михаил Ефремов дар додгоҳ. 8-уми сентябри соли 2020

Додгоҳи ноҳияи Пресненскии шаҳри Маскав, ки рӯзи 8-уми сентябр ҳукми ҳунарпешаи маъруф ва мунаққиди Кремлро қироат мекунад, Михаил Ефремовро дар садамаи мошин, ки аз рӯи беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, гунаҳгор эълон кард. Ҳанӯз ҳукми ӯ маълум нест ва қарор аст чанде баъд эълон шавад. Айбдоркунанда дар додгоҳ талаб кард, ки Ефремов ба 11 соли зиндон маҳкум шавад. Парванда боиси таваҷҷӯҳи зиёди ҷамъиятӣ шуд.

Мурофиаи додгоҳии ҳунарпешаи маъруф рӯзи 5 август шурӯъ шуд ва Ефремов дар оғоз гуфт, ки ҳаводиси рӯзи 8-уми июнро ёд надорад ва худро гунаҳгор намеҳисобад. Айбдоркунандаи мурофиа гуфт, ки гунаҳгор будани Ефремовро баёноти полис ва шоҳидон тасдиқ мекунад. Вале рӯзи 3-ми сентябр Ефремов гуфт, ки гуноҳашро эътироф мекунад.

Дар сурати гунаҳгор эълон шуданаш ба Ефремов то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар ҳодисаи бархӯрди мошинҳо Сергей Захарови 57-сола ҷароҳати сангин бардошт ва дар беморхона даргузашт. Баъди санҷиш табибон гуфтанд, ки дар хуни Ефремов нишонаҳои маводи мухаддир, аз ҷумла кокаин пайдо шудааст. Михаил Ефремов, ҳунарпешаи театру кино 56 сол дошта, солҳои охир бо ҳунарнамоиҳои инфиродиву ҳаҷву мазҳакаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интиқоди президенти Русия Владимир Путин дар миёни мардум бисёр маъруф шудааст.

XS
SM
MD
LG